«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф карда шуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон дониста шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тазаккур дода шуд, ки «Амонатбонк» бо меъёри ҷамъбастии 24,27, «Ориёнбонк» 20,06 ва «Бонки Эсхата» бо меъёри 14,39 дар рӯйхати бонкҳои низомсози мамлакат дар соли 2023 ҷой гирифтанд.
Ҳамзамон бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ гардид. Тибқи он ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» бо меъёри ҷамъбастии 5,17 ташкилоти қарзии эҳтимолӣ эътироф карда шуд.
Рӯйхати мазкур соле як маротиба бо дарназардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ таҳия карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






