«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф карда шуданд

Январь 24, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати  Бонки миллии Тоҷикистон «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон дониста шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тазаккур дода шуд, ки «Амонатбонк» бо  меъёри ҷамъбастии 24,27, «Ориёнбонк» 20,06 ва «Бонки Эсхата» бо меъёри 14,39 дар рӯйхати бонкҳои низомсози мамлакат  дар соли 2023 ҷой гирифтанд.

Ҳамзамон бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ  гардид. Тибқи он ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» бо меъёри ҷамъбастии  5,17 ташкилоти қарзии эҳтимолӣ эътироф карда шуд.

Рӯйхати мазкур соле як маротиба бо дарназардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ таҳия карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 24, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1234 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6934 то 9.7000 сомонӣ муқаррар шудааст