Анҷумани XV навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолият ва ҳамкориро бо ҷавонони дар маҳал буда тақвият мебахшад. Бо ин мақсад баргузории як силсила чорабиниҳои маърифатию иттилоотонӣ ва варзишӣ тарҳрезӣ шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 8 январ Анҷумани XV навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, вакилони шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии Иттифоқ, аъзои ин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид.
Дар кори он иштирокдорон вазифаҳои минбаъда, интихоби ҳайати нави раёсат, интихоби муовини якум ва муовинони раиси Иттифоқ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ягон идеалогия ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ вобаста набуда, бо сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва созмонҳои наврасон, ки дар доираи қонун амал мекунанд, робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Инчунин Иттифоқ бо мақсади ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон тайи солҳои сипаришуда як зумра корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинару конфронсҳоро дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа роҳандозӣ гардидааст.
Намояндагони филиалҳои Иттифоқҳои ҷавонони Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки воқеан, таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз имкониятҳои фаровони ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо самарнок истифода мебаранд.
АКС: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикисто








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






