Ҷавонони ватандӯст кафили ояндаи босуботи Тоҷикистонанд
ДУШАНБЕ, 16.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 1993 дар солномаи таърихи Ватани мо барои низомиён соли таърихист, зеро бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Чунин иброз гардид зимни вохӯрии намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисми низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ доданд дар кумитаи мазкур.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумита Амир Иброҳимзода иброз намуд, ки ҳиссаи Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти мардум, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне истиқлолияти давлати тоҷикон ниҳоят бузург аст.
«Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа намуданд, аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошанд. Аз ин хотир мо — ҷавононро зарур аст, ки дар худ ҳисси худшиносӣ дошта бошем ва миллати худро аз ҳама хатарҳо эмин дорем»,- афзуд Амир Иброҳимзода.
Вохӯрии мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади талқини ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон доир гардида, баргузории он дар дигар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад.
Дар охири ҳамоиш ба як гурӯҳ сарбозону афсарон сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






