БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Қалъаи Кӯлоб бо тарҳи рукнҳои қадимӣ бозсозӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифӣ намудани урфу одат ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик Қалъаи шаҳри Кӯлоб бо тарҳи рукнҳои қадимӣ бозсозӣ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Дар айни замон дар қалъаи мазкур беш аз 75 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Дар сохтмони он 3 ширкати сохтмонӣ- ҶДММ «Сайёр», ҶДММ «Ниагара — а» ва ҶДММ «Ҷобир сохтмон» фаъолият дошта, кӯшиш доранд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонанд.
Ба сохтмони Қалъаи қадимии Кӯлоб беҳтарин рассомону сохтмончиён аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшани вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат ҷалб гардида, қисмати боқимондаро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Қалъаи Кӯлоб дар шафати Муҷтамааи 2700 – солагии шаҳр ва назди Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ҷойгир буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозсозӣ мешавад. Қалъаи Кӯлоб дорои беш аз 100 гумбаз мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






