Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ хӯрок ва либоси гарм тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо шароити кори кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия шинос гардида, ба онҳо, ки дар тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт саҳми муносиб мегузоранд, хӯрок ва либоси гарм тақдим намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иттилоъ доданд.
Ба кормандони Раёсат дар як сол ду маротиба либос тақдим мешавад. Дар доираи дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кормандон ҳамарӯза бо як вақт хӯроки гарм таъмин мешаванд.
Дар тозаю озода намудани кӯчаву хиёбон ва роҳу ҷодаҳои ҳудуди ноҳия саҳми ин сохтори коммуналӣ хеле муҳим аст.


Ҳамзамон масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фаъолияти корӣ ва ҳолати гармӣ дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Бо мақсади бидуни мушкилӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аксари биноҳо бо неруи гармӣ таъмин гардидаанд, ки ин муассиса яке аз онҳост.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






