Ба рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб муҳтавои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд

Январь 18, 2023 10:32

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни мулоқот бо рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб ва собиқадорони соҳа дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар сухан гуфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Проректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдодова гуфт, ки ҳадафи мулоқот- тарғибу ташвиқи густурдаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат мебошад.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иброз намуд, ки «дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлил ёфта, он дастури беҳтарини роҳнамо барои мардум аст. Аз ин хотир, барои таблиғи он намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд эҷодкорона муносибат кунанд ва бо истифода аз жанрҳои гуногуни журналистӣ муҳтавои асосии Паёмро ба мардум расонанд».

Иштироккунандагони мулоқот Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Ғайбулло Ҳалимов, Зафар Мирзоён, Фарҳод Мадаминов ва Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ дар тақвияти андешаҳои Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба собиқадорони соҳа кумакипулии яквақта расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар шаҳри Кӯлоб оғози силсилачорабиниҳоест, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ оид ба таблиғу ташвиқи густурдаи Паёми Пешвои миллат ба роҳ мемонад.

 АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Январь 18, 2023 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад