БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи деҳаи Пайканди шаҳри Турсунзода мумфарш гардид
ТУРСУНЗОДА, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ватандӯсту ободгари деҳаи Пайканди Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода бо азми қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи байнидеҳавиашонро дар масофаи 1 километр асфалтпӯш намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Мумфарш намудани роҳи мазкур бо ибтикори раиси деҳаи Пайканд Имомалӣ Ҳамроев ва сарпарастии ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва дастгирии Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода амалӣ гардид.
Барои анҷоми ин кори нек аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр техникаҳои Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода сафарбар гардиданд ва корҳо бо сифати баланд анҷом дода шуданд.
Дар мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Турсунзода саҳми кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр калон аст. Сармуҳандиси ин муассиса Амиралӣ Носиров гуфт, ки “ба мумфарш намудани роҳи маҳаллии деҳаи Пайканд 5 техника сафарбар гардид ва як километр роҳ бо сифати хуб мумфарш карда шуд. Ҳамчунин соли 2022 аз тарафи кормандони ин муассиса 170 километр роҳҳои шаҳри Турсунзода таъмири ҷорӣ ва 23 километр асфалтпӯш карда шуданд”.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






