Бандари Шанхай дар соли 2022 аз ҳама бандари сербортарини контейнерӣ дар ҷаҳон гардид
ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бандари Шанхай дар соли 2022 сарфи назар аз эпидемияи коронавирус бори 13-ум бандари сербортарини контейнерӣ дар ҷаҳон гардид. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, маълумоти танзимгари бандарии Shanghai International Port Group (SIPG) чунин мебошад.
Зикр карда мешавад, ки дар соли 2022 гардиши контейнерии бандар аз 47,3 миллион контейнер дар эквиваленти 20 — фута (TEU) зиёд гардид. Бандар кори муттасили Маркази байналмилалии боркашонии Шанхай ва инчунин устувории занҷирҳои истеҳсолӣ-фурӯши ҷаҳониро таъмин намуд.
Пас аз сар задани эпидемия дар семоҳаи дуюми соли 2022 гардиши контейнерии бандар дар моҳи июл ба барқароршавии босуръати V-шакла расид ва дар як моҳ ба миқдори рекордӣ 4,3 миллион контейнери TEU коркард шуданд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Unsplash








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






