Барои ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии Тоҷикистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ шиносномаҳо таҳия карда шудаанд

Январь 31, 2023 20:07

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии Тоҷикистон, назири мамнуъгоҳҳои давлатии «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл», Боғи миллии «Ширкент», «Боғи миллии Тоҷикистон», Парки табиии «Сари Хосор», Резервати биосферии «Ромит» ва барои 14 парваришгоҳ бо забонҳои русӣ ва англисӣ шиносномаҳо таҳия гардидаанд.

Тавре Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур  Шерализода  имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, “шиносномаҳои мазкур аз ҷониби  Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ омода карда шудааст”.

Инчунин мутахассисону кормандони Кумита бо мақсади беҳтар намудани ҳолати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи ҳайвонот тадбирҳои зарурӣ андешида, дар фасли зимистони соли 2022 мунтазам чорабиниҳои биотехникӣ гузарониданд. Дар натиҷа зиёда аз 125 тонна маҳсулот дар маконҳои сукунат ва ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷойгир карда шуд. Мониторинги биологӣ ва омӯзиши ҳолати табиии намудҳои нодири олами ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нишон дод, ки ҳолати зимистонгузаронии онҳо муътадил мебошад.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода афзуд, ки ҳамзамон соли  сипаригардида хатсайрҳои сайёҳӣ дар шакли электронии замимаи мобилии Резервати биосферии «Ромит», Боғи табиии «Ширкент» ва ноҳияи Мурғоб бо нишон додани иншооту ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Хуросон, Носири Хусрав, Балҷувон ва Данғараи вилояти Хатлон ҳисоботи саршумори гӯсфанди бухороӣ гузаронида шуд.

Таъкид карда шуд, ки таҳлили фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат  дар соли гузашта бозгӯи он аст, ки мақомоти соҳавӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи экологӣ, татбиқи барномаву нақшаҳои миллӣ, тақвияти назорати давлатӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ  тадбирҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 31, 2023 20:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд