Барои ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии Тоҷикистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ шиносномаҳо таҳия карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии Тоҷикистон, назири мамнуъгоҳҳои давлатии «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл», Боғи миллии «Ширкент», «Боғи миллии Тоҷикистон», Парки табиии «Сари Хосор», Резервати биосферии «Ромит» ва барои 14 парваришгоҳ бо забонҳои русӣ ва англисӣ шиносномаҳо таҳия гардидаанд.
Тавре Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, “шиносномаҳои мазкур аз ҷониби Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ омода карда шудааст”.
Инчунин мутахассисону кормандони Кумита бо мақсади беҳтар намудани ҳолати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи ҳайвонот тадбирҳои зарурӣ андешида, дар фасли зимистони соли 2022 мунтазам чорабиниҳои биотехникӣ гузарониданд. Дар натиҷа зиёда аз 125 тонна маҳсулот дар маконҳои сукунат ва ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷойгир карда шуд. Мониторинги биологӣ ва омӯзиши ҳолати табиии намудҳои нодири олами ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нишон дод, ки ҳолати зимистонгузаронии онҳо муътадил мебошад.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода афзуд, ки ҳамзамон соли сипаригардида хатсайрҳои сайёҳӣ дар шакли электронии замимаи мобилии Резервати биосферии «Ромит», Боғи табиии «Ширкент» ва ноҳияи Мурғоб бо нишон додани иншооту ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Хуросон, Носири Хусрав, Балҷувон ва Данғараи вилояти Хатлон ҳисоботи саршумори гӯсфанди бухороӣ гузаронида шуд.
Таъкид карда шуд, ки таҳлили фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат дар соли гузашта бозгӯи он аст, ки мақомоти соҳавӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи экологӣ, татбиқи барномаву нақшаҳои миллӣ, тақвияти назорати давлатӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд






