Бо бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ дар шаҳри Гулистон истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ меафзояд

Январь 7, 2023 10:56

ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда бо ташаббуси​ ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди​ фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, ояндаи наздик дар фабрикаҳо истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки фабрикаи​ ҶДММ «Мурғи бебаҳо» дар масоҳати 3 гектар сохта шуда, дар он то 100 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.

Дар айни замон дар як сехи парандапарварӣ нигоҳубини​ 20 ҳазор сар чӯҷа ба роҳ монда шуда, бунёди сехҳои иловагӣ ҷараён дорад. Дар фабрикаи​ ҶДММ «Ганҷи сомон», ки дар масоҳати 1,7 гектар ташкил шудааст, ду сех пурра омода ва 12,5 ҳазор сар паранда ворид гардида, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ саршумори паранда низ зиёд карда мешавад

Раиси вилоят ташкили фабрикаҳоро барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар вилоят натиҷаи имтиёзҳои фароҳамшуда аз ҷониби давлат мебошад. Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» бо корҳои​ омодагӣ​ барои бунёди сехи нави истеҳсолӣ шинос шуд.

Дар корхонаи азими саноатӣ сехи истеҳсоли қолинҳои тафтингӣ ташкил гардида, хатҳои истеҳсолӣ аз Ҳиндустон, Австрия ва Олмон ворид карда мешаванд. Аснои муаррифии лоиҳаи коргоҳи нав таъкид гардид, ки корхона бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабулу татбиқи барномаҳои соҳавӣ ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида,​ маҳсулоти истеҳсолшаванда​ дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони зиёд ва қолинҳои истеҳсолшаванда сифати олӣ доранд.

Дар шаҳри Гулистон бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Нозироти андози шаҳри Гулистон идома дорад. Роҳбари вилоят бо рафти корҳо дар он шинос шуд. Бинои маъмурӣ аз се ошёна иборат буда, айни замон 30 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Дар бинои нав, ки дорои таҳхона, 8 утоқи корӣ, утоқи «равзанаи ягона», маҷлисгоҳ, утоқи​ бойгонӣ аст, барои кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 7, 2023 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд