Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ кўдакистони маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирию кумаки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бинои кӯдакистони №2 навсозӣ мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Ин муассисаи томактабӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои он бо ашёҳои муосири таълиму тарбия ҷиҳозонида мешаванд. Иншооти мазкур то ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Баъди навсозии пурраи кӯдакистон дар он наздик ба 50 мураббия соҳиби ҷойи кор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Тирчид яке аз маҳаллаҳои сернуфузтарини шаҳри Хоруғ маҳсуб мешавад. Кӯдакистони ин маҳалла соли 1976 бунёд шуда, бо мурури замон куҳнаву фарсуда гардида, зарурати сохтмони бинои нави он ба миён омада буд. Айни ҳол дар ин боғчаи бачагона 70 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Баъди навсозии ин муассисаи томактабӣ имкони ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 нафар кӯдак пайдо мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки навсозии кўдакистони мазкур бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, аз ҷониби соҳибкори шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов анҷом дода мешавад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои озод








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






