Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ кўдакистони маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад

Январь 27, 2023 14:13

ДУШАНБЕ, 27.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирию кумаки Раиси Маҷлиси  миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бинои кӯдакистони №2 навсозӣ мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ин муассисаи томактабӣ бо тарҳи  замонавӣ  сохта шуда, ҳуҷраҳои он  бо ашёҳои муосири таълиму тарбия ҷиҳозонида мешаванд. Иншооти мазкур то ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Баъди навсозии пурраи  кӯдакистон  дар он  наздик ба  50 мураббия  соҳиби ҷойи кор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Тирчид яке аз  маҳаллаҳои сернуфузтарини шаҳри Хоруғ маҳсуб мешавад. Кӯдакистони  ин  маҳалла  соли 1976 бунёд шуда,  бо мурури замон  куҳнаву фарсуда гардида, зарурати сохтмони бинои нави он ба миён омада буд. Айни ҳол дар ин боғчаи бачагона  70 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта  шудааст. Баъди навсозии ин муассисаи томактабӣ имкони ба таълиму тарбия фаро  гирифтани  200  нафар кӯдак пайдо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  навсозии кўдакистони мазкур  бо ташаббуси  Раиси  Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ  амалӣ  гардида, аз ҷониби соҳибкори шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов  анҷом дода  мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар» 

АКС: манбаъҳои озод

Январь 27, 2023 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд