Cоли 2022 дар вилояти Суғд 43 иншооти соҳаи маориф бо беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда шуданд

Январь 31, 2023 11:21

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар вилояти Суғд 43 иншооти соҳаи маориф бо 12 ҳазору 308 ҷойи нишаст, аз ҷумла дар назди 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11 ҳазору 98 ҷойи нишаст ва 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1 ҳазору 210 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Гуфта шуд, ки соли гузашта бинои  муассисаи таълимии №7 дар шаҳри Конибодом, Мактаби байналмилалии “Контакт интернешнл” бо 800 ҷойи нишаст дар шаҳри Исфара, бинои иловагии муассисаи таълимии №15 барои 840 ҷойи нишаст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои муассисаи таълимии №65  бо 640 ҷойи нишаст, муассисаи таълимии №49 бо 240 ҷойи нишаст дар шаҳри Панҷакент ва бинои муассисаи таълимии №28 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуданд.

Ҳамчунин дар ин давра бинои 18 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор карда шуд. Ҳоло дар 11 бинои садамавии муассисаҳои таълимии вилоят корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд.

   АКС аз бойгонӣ

Январь 31, 2023 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»