«ДӮСТИИ ХАЛҚҲО-ДӮСТИИ МИЛЛАТҲО». Таҳти чунин унвон маҷмӯаи мақолаҳои олимони Тоҷикистон ва Узбекистон нашр карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Дӯстии халқҳо–дӯстии миллатҳо»- таҳти чунин унвон маҷмӯаи мақолаҳои олимони Тоҷикистон ва Узбекистон нашр карда шуд. Маҷмӯаи мазкур бо ташаббуси Маркази миллӣ- фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё чоп гардида, дар он мақолаву гузориш, шеъру сурудҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ гирд оварда шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Маҷмӯаи мақолаҳои «Дӯстии халқҳо- дӯстии миллатҳо» аз 4 боб иборат буда, дар онҳо масъалаҳои муҳими адабиётшиносӣ, равобити адабӣ ва ҳамкории эҷодии доираҳои адабии ҳарду кишвар таҳқиқ ва пажӯҳиш карда шудаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода «Равобити адабию фарҳангӣ- рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва узбекон», раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Сурхондарё Рамазон Абдуллоев «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику узбек таҳлил карда шудаанд.
Дар китоб инчунин шеърҳои шоирони тоҷику узбек ҷой карда шудаанд. Чопи маҷмӯаи «Дӯстии халқҳо–дӯстии миллатҳо» ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи мардумони тоҷику узбек мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






