«ДӮСТИИ ХАЛҚҲО-ДӮСТИИ МИЛЛАТҲО». Таҳти чунин унвон маҷмӯаи мақолаҳои олимони Тоҷикистон ва Узбекистон нашр карда шуд

Январь 21, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Дӯстии халқҳо–дӯстии миллатҳо»- таҳти чунин унвон маҷмӯаи мақолаҳои олимони Тоҷикистон ва Узбекистон нашр карда шуд. Маҷмӯаи мазкур бо ташаббуси Маркази миллӣ- фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё чоп гардида, дар он мақолаву гузориш, шеъру сурудҳо бо забонҳои  тоҷикӣ ва узбекӣ гирд оварда шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Маҷмӯаи мақолаҳои «Дӯстии халқҳо- дӯстии миллатҳо» аз 4 боб иборат буда, дар онҳо масъалаҳои муҳими адабиётшиносӣ, равобити адабӣ ва ҳамкории эҷодии доираҳои адабии ҳарду кишвар таҳқиқ ва пажӯҳиш карда шудаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода «Равобити адабию фарҳангӣ- рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва узбекон», раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Сурхондарё Рамазон Абдуллоев «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику узбек таҳлил карда шудаанд.

Дар китоб инчунин шеърҳои шоирони тоҷику узбек  ҷой карда шудаанд.  Чопи маҷмӯаи «Дӯстии халқҳо–дӯстии миллатҳо» ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи мардумони тоҷику узбек мусоидат менамояд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Узбекистон

Январь 21, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид