Дар ҳамоиши «Саноатсодиротбонк» Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо пешниҳод, вазифаҳои муҳимро барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ба миён гузоштанд, ки бо амалӣ шудани ҳамаи он барномаву нақша чорабиниҳои дар асоси Паём таҳияшуда, иқтисоди миллӣ боз ҳам пеш рафта, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ба маротиб боло меравад. Дар ин хусус 27 январ дар Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» зимни баргузории як ҳамоиш гуфта шуд.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир, махсусан таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ баён гардида, омодагии ҷумҳуриро барои бартараф намудани оқибатҳо он ва таъмин кардани рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаро аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат муаррифӣ менамояд. Аз ҷумла, дар Паём баён гардид, ки «сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид, ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода гуфт, ки «Паёми навбатӣ 24-умин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳнамои давлат ва миллат барои давраҳои минбаъда мебошад. Моҳияти Паём ин натиҷагирӣ аз фаъолияти самтҳои мухталифи ҷомеъа ва рушду тараққиёти кишвар дар як соли сипаришуда мебошад. Паём низоме аст, ки аз чандин бахшҳо иборат буда, барои ҳар самт истифода аз нуктаҳои он расидан ба ҳадафро ифода менамояд».
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа, ки дар Паём матраҳ гардиданд, ибрози назар карданд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
АКС: БССТ «Саноатсодиротбонк»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






