Дар Балҷувон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар мавсими сармо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд

Январь 3, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 03.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Балҷувон бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани мавсими сармо ва таъмини бехатарии рафтуомади мусофирону воситаҳои нақлиёт дар фасли зимистон ба миқдори 420 куб қум, 10 тонна намак, 1000 литр сӯзишворӣ, 9 метри мукааб ҳезум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира карда шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Тавре сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ин ноҳия Изатулло Юсуфов зикр кард, дар минтақаҳои кўҳии мамлакат нигоҳдории роҳҳо дар мавсими сармо кори мушкил буда, аз кормандони ин ниҳод масъулияти баландро талаб дорад.

«Дар муассисаи мо 27 корманд фаъолият дошта, дар тавозуни он 9 техникаи гуногунтамға мавҷуд аст. Маъмурияти корхона имрӯзҳо кӯшиш мекунад, ки ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаҳои нақлиётро дар давраи сармои зимистон дар сатҳи баланд ба роҳ монад. То имрӯз, аллакай, ду маротиба роҳҳои душворгузари Балҷувон – Ховалинг ва Темурмаликро аз барф тоза намудем»,- афзуд Изатулло Юсуфов.

Ёдовар мешавем, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, мумфаршу сангфарш кардани роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Балҷувон аз ҷониби Вазорати нақлиёт маблағи 135 089 сомонӣ, Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 120 550 сомонӣ ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 200 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. То имрӯз аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда, зиёда аз 20 километр роҳҳо мумфаршу сангфарш гардида, дар атрофи роҳҳо дарахтони арча шинонда шудааст. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ дар 10 моҳи соли равон 7, 6 километр роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти Сайф Раҳимов ва Балҷувон ба маблағи умумии 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, пурра шағалпӯш гардиданд. Ҳамзамон, 6,3 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи Балҷувон – Дектур – Оличадара, 1,3 километр роҳҳои Балҷувон – Гурдара – Холдорчашма ва 1,2 километр роҳҳои маҳаллии Балҷувон – Тӯпхона аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошинбилгард шағалпӯш карда шуд.

Дар маҷмуъ, имрӯзҳо раванди корҳои зимистонгузаронӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Хотиррасон мешавем, ки ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бунёди 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, сохтмони 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ ва 205 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст.

АКС: манбаъҳои боз

Январь 3, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад