Дар Душанбе масъалаи расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ мавриди амал қарор дорад. Ин матлаб 13 январ зимни баргузории ҷаласаи назоратии назди муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамшед Шодихон оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022 «Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» баргузор гардид, баён карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд.
Дар кори ҷаласа мудирони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.
Ҷамшед Шодихон оид ба фаъолияти бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ суханронӣ намуда, барои минбаъд ҷоннок намудани масъалаи мазкур ва саривақт ба иҷро расонидани қарори Ҳукумат ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон дар ҷаласа намояндагони Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ вобаста ба рафти татбиқи қарори болозикр маълумот пешниҳод намуданд.
Дар фарҷом ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои алоқаманд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар изҳор доштанд, ки «ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад».
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






