Дар хоҷагиҳои ҷангали Рашту Роғун корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд

Январь 29, 2023 09:48

РАШТ, 29.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар сардиҳои зимистон  дар парваришгоҳи Камароб ва минтақаи Сиёҳдараи  ноҳияи Рашт  275 кг резаи гандум, 260 кг резаи  ҷав,   290 кг резаи ҷуворимакка,  150 кг  кунҷора,   230 кг намак    ва 250 кг коҳ дар ҷои махсуси хӯрокдиҳии ҳайвонот  ва парандагон гузошта шуд. Дар ҳолати боридани  барфи зиёд Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Раштимконият дорад, ки боз корҳои биотехникӣ гузаронад.

Тавре сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз Қаландаров ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД  хабар дод,  дар парваришгоҳи Камаробу минтақаи Сиёҳдараи ноҳияи Рашту  минтақаҳои хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун  бо мақсади эмин мондану  беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз давраи зимистон   корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.

«Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз сардиҳои фасли зимистон дар анбори муассиса 2764 килограмм  маводи биотехникӣ захира намудем»,-илова кард Абдулазиз Қаландаров.

Дар мавзеъҳои ҷангалзори парваришгоҳи Камароб  намудҳои гуногуни ҳайвоноти ёбоӣ, ба монанди бузи кӯҳӣ, хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра, шағол, суғур, далла ва қашқалдок, аз парандагон —  кабки даштӣ, ҳилол, зоғҳо ва 17 намуди дигар парандаҳои нодир  сукунат доранд.

Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун иттилоъ доданд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бо мақсади пешгирии талафоти олами ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои  муайянгардидаи хоҷагии ҷангали шаҳр чорабиниҳои биотехникӣ доир карда шуда, 250 кг резаи гандум, 450 кг хошок, 100 кг дӯлона ва 110 кг себи хушк пошида шуд.

АКС: Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун

Январь 29, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст