Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд

Январь 30, 2023 12:06

ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти корхона, хадамот ва муассисаву идораҳои тобеи он ҷамъомад баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.

Дар ҷамъомад нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуданд.

Тавре тазаккур дода шуд, дар Паём дар баробари дигар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ҳамчунин нақшаву барномаҳои минбаъда дар соҳаи роҳу нақлиёт низ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо аз кормандону мутахассисони соҳа, аз ҷумла кормандону мутахассисони «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъулияти зиёд талаб менамояд.


Сарвари давлат дар  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи роҳу нақлиёт низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷсолаи охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Дар айни замон  дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузории давлатии дигар ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ татбиқ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  муайян гардида,  масъулини соҳаҳои дахлдори мамлакат барои иҷрои босифат ва саривақтии нишондиҳандаҳои он  мушаххасан  вазифадор карда шудаанд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Январь 30, 2023 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа