Дар мактаби №2-и шаҳри Норак озмуни «Хати зебо» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар давраи таътили зимистона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои наврасон озмуни «Хати зебо»-ро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 — и шаҳри Норак озмуни мазкур дар байни хонандагони синфҳои 2 ва 4 гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
«Мақсад аз гузаронидани ин озмун ҷалбу тарғиби хушнависӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ёфтани хушхаттон дар байни хонандагон мебошад. Инчунин, ҳадафҳои дигари озмун роҳнамоӣ кардани хонандагон дар давраи таътили зимистона ба машқи хати зебо аст»,- гуфтанд роҳбарияти мактаби мазкур.
Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 — и шаҳри Норак ҳамчунин барои дар таътили зимистона ба мутолиаи китобҳои бадеӣ шуғл варзидани хонандагон тадбирҳои мушахас андешида мешаванд. Китобхонаи мактаб бо китобҳои бадеӣ таъмин буда, китобдор ба хонандагон барои интихоби асарҳои шавқовар ба хонандагон кумак мерасонад.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






