Дар Милан имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Январь 27, 2023 08:58

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар шаҳри Милан бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо қароргоҳ дар Париж) имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони итолиёвӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Зимни ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло ба ҳозирин оид ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлол, ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, фазои мусоид ва лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, инчунин имконоти фаровони тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Январь 27, 2023 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд