Дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор гардид

Январь 28, 2023 14:36

ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор шуда, дар он намояндагону фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими ин давлат, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанон, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия иштирок карданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҷеъ ба  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳо дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши  ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Русия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Русия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ваҳдати миллӣ,  меҳанпарастӣ  ва худшиносӣ бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб  даъват ба амал овард.

Ҳамчунин дар ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли сипаришуда,   таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки  дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву  созандагӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузор бошанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Январь 28, 2023 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд