Дар ноҳияи Ашт фабрикаи парандапарварӣ ва иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ бунёд мешаванд
СУҒД, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ шинос шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар ноҳияи Ашт бунёди фабрикаи мурғпарварӣ ба роҳ монда шуда, аксари корҳо ба сомон расонида шудаанд.
Фабрикаи мурғпарварӣ барои 48 ҳазор сар паранда пешбинӣ гардида, дар он мурғ барои истеҳсоли гӯшт парвариш карда мешавад.
Дар марҳилаи дуюм саршумори паранда то ба 96 ҳазор расонида мешавад. Баробари ба кор андохтани фабрикаи мурғпарварӣ ноҳия бо гӯшти паранда пурра таъмин гардида, сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар ин раванд масъулин азм доранд, ки дар ҳамин мавзеъ фермаи парвариши моли калон низ ба роҳ монанд. Барои ин замина аллакай мавҷуд буда, дар навбати аввал то 350 сар гови сиёҳало ворид карда мешавад, ки аз он 70 сараш ширдеҳ мебошад.
Инчунин дар назди шуъбаи ҷарроҳии рақами дуюми ноҳияи Ашт сохтмони таваллудхона бомаром ҷараён дорад. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 20 кат мебошад ва ба аҳолии панҷ ҷамоати ноҳия хизмат мерасонад.
Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25, ки дар Ҷамоати деҳоти Ашт ҷараён дорад, шинос шуд. Муассиса бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои 1200 хонанда дар ду баст бунёд мегардад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт Раиси вилоят бо сохтмони сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва коргоҳи коркарду банду басти гӯшти моҳӣ шинос гардида, ба масъулин барои татбиқи лоиҳаҳо тавсияҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






