Дар ноҳияи Зафаробод заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола барои омода намудани пойгоҳҳои обкаш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд. Соли равон низ пойгоҳҳои обкаши ноҳияи Зафаробод пурра омода шуда, заминҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
16 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкаши ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки корҳои таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкаш ба мавсими нави обёриро зери назорат қарор дода, агрегатҳоро омода созанд.
Ҳамзамон дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои дуошёнаи таълимӣ барои 600 хонанда сохта мешавад. Мактаби нав тибқи лоиҳа дорои синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои ёрирасон, толори варзишӣ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд супоришҳо дод.
Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти ҶДММ «ДСМ-19», ки ба коркарди пахта ва истеҳсоли равған машғул аст, шинос гардида, барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи пахта ва зиёд намудани истеҳсоли равған тавсияҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






