Дар Норак мураббиён усулҳои муосири таълиму тарбияи хурдсолонро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 17.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи таътили зимистона дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Норак машғулиятҳои омӯзишӣ ҷиҳати такмили донишу маҳорати мураббиён ва дигар кормандони кӯдакистонҳо ба роҳ монда шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Тавре мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Садбарг Ҳайдарзода зикр кард, машғулиятҳои омӯзишӣ аз тарафи роҳбарияти муассисаҳои томактабӣ то анҷоми таътили зимистона, ҳаррӯза ташкил мегарданд. Дар онҳо мураббиёни таҷрибадору пешқадам ба дигар тарбиятгарони ҷавон дарс гуфта, ба онҳо усулҳои наву таъсирбахшро дар таълиму тарбияи хурдсолон меомӯзонанд.
Дар ҷараёни машғулиятҳои омӯзишӣ мураббиёни ҷавон ҳамчунин корбарӣ бо дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро аз худ менамоянд.
Мурабиёни собиқадор дар машғулиятҳои омӯзишӣ иброз доштанд, ки хондани афсонаву ҳикоя ва ҷалби диққати хурдсолон аз тарбиятгарон дониш ва маҳорати баландро талаб мекунад.
«Мураббӣ бояд тавре фаъолияташро ба роҳ монад, ки кӯдак ҳар саҳар бо муҳаббат ва пазмонии зиёд ба сӯи боғчаи бачагона роҳ пеш гирад. Онҳо кӯшиш намоянд, ки ба дили ҳар кӯдак роҳ ёфта, ба дунёи рангину афсонавии онҳо ворид шаванд. Он гоҳ дар таълиму тарбияи кӯдакон муваффақ гардида метавонанд. Мураббия дар ҳаёти кӯдакон нақши муҳим дорад, зеро ташакулёбии шахсияти онҳо аз кӯдакистон оғоз мегардад», — таъкид намуданд онҳо.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






