Дар Ҷопон теъдоди қурбониёни COVID-19 якбора афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷопон шумораи фавтидагон бар асари COVID-19 аз нимаи моҳи декабри соли 2022 якбора афзоиш ёфт. Айни ҳол аллакай 10 ҳазор нафар, ки ба коронавирус гирифтор буданд, фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, шумораи зиёди фавтҳо дар байни одамони аз 80-сола боло ба қайд гирифта шудааст. Тақрибан 75% ҳамаи фавтидагон дар якуним моҳи охир ба ин гурӯҳи синнусолӣ рост меояд.
Дар маҷмӯъ, дар тӯли тамоми давраи пандемия дар Ҷопон тақрибан 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки сатҳи эмгузаронии аҳолӣ дар кишвар 80%-ро ташкил медиҳад.
«Айни замон дар кишвар барои сокинони маҳаллӣ дар робита ба паҳншавии коронавирус ягон маҳдудият вуҷуд надорад, аммо аз мардум ба таври ихтиёрӣ даъват карда мешавад, ки дар ҳама ҷо ниқоб пӯшанд, масофаи иҷтимоӣ ва дигар чораҳои пешгириро риоя намоянд», — менависад ТАСС.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






