Дар Ҷопон теъдоди қурбониёни COVID-19 якбора афзоиш ёфт

Январь 11, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷопон шумораи фавтидагон бар асари COVID-19 аз нимаи моҳи декабри соли 2022 якбора афзоиш ёфт. Айни ҳол аллакай 10 ҳазор нафар, ки  ба коронавирус гирифтор буданд, фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба иттилои манбаъ, шумораи зиёди фавтҳо дар байни одамони аз 80-сола боло ба қайд гирифта шудааст. Тақрибан 75% ҳамаи фавтидагон дар якуним моҳи охир ба ин гурӯҳи синнусолӣ рост меояд.

Дар маҷмӯъ, дар тӯли тамоми давраи пандемия дар Ҷопон тақрибан 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки сатҳи эмгузаронии аҳолӣ дар кишвар 80%-ро ташкил медиҳад.

«Айни замон дар кишвар барои сокинони маҳаллӣ дар робита ба паҳншавии коронавирус ягон маҳдудият вуҷуд надорад, аммо аз мардум ба таври ихтиёрӣ даъват карда мешавад, ки дар ҳама ҷо ниқоб пӯшанд, масофаи иҷтимоӣ ва дигар чораҳои пешгириро риоя намоянд», — менависад ТАСС.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд