Дар Остона бизнес-форумҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои баргузор намудани бизнес-форумҳо 26 январ дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Касимбек Женис баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳо, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, гузаронидани дигар ҳамоишҳо дар шаҳри Остона ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ шуд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ 24 январ дар Тошканд нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатиро тасдиқ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуда, доир ба ҳамкории мутақобилаи ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба васеъ намудани муҳтавои тамосҳои сатҳи олии дарпешистода равона гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, давоми соли 2023 якчанд ҳамоишҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду давлатро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид
Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд






