Дар Россия ҳадафҳои пешниҳоди квотаҳо барои таълими хориҷиёнро ошкор карданд

Январь 3, 2023 12:23

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Россия довталабонро аз дигар кишварҳо ҷалб карда, «интиқоли классикии таҳсил»-ро муваффақона дар амал татбиқ менамояд. Дар ин бора муовини роҳбари «Россотрудничество» Павел Шевтсов хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Sputnik-и Россия.

Ба гуфтаи ӯ, давлат рушди ояндаро дар омоданамоии мутахассисони касбӣ барои кишварҳои наздик ва дур мебинад.

«Федератсияи Россия ҳавасманд аст, ки кишварҳои ҳамсояаш ҳам дар соҳаи сиёсат, ҳам дар соҳаи иқтисод ва ҳам дар соҳаи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фаъолона рушд намоянд», — афзуд ӯ.

Дар донишгоҳҳои Росия шумораи ҷойҳои буҷетӣ барои донишҷӯён аз Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2023 аз 120 то 750 нафар афзудааст, қаблан иттилоъ дода буд АМИТ «Ховар» бо истинод ба роҳбари намояндагӣ дар ҷумҳурӣ Иван Иванов.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба таври анъанавӣ дар панҷгонаи пешвоёни беҳтарин дар байни кишварҳои ҷаҳон [аз рӯи шумораи квотаҳо барои таълим дар донишгоҳҳои Россия] ҷой дошта, миёни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафиро ишғол мекунад.

Дар айни замон дар Россия тақрибан 23 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2023 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид