Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия махзани ягонаи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ташкил мегардад

Январь 24, 2023 09:04

ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия махзани ягонаи маҳсулоти содиротии ватанӣ ташкил намуда, дархост ва пешниҳоди харидорони хориҷиро оид ба содироти маҳсулот тавассути Портали содиротӣ ба роҳ монад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи мазкур 19 январ зимни мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо Раиси Шӯрои нозирони Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон оид ба рушди иқтисоди хориҷии «МДК» Марк Руслан ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Ҳомидҷон Назарӣ баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти таҳияву  татбиқи платформаи рақамӣ барои содироткунандагон, таъсис додани марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти банду басти маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи дониши содироткунандагон  оид ба фаъолияти содиротӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба миёни ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Ҳамзамон маълумоти муфассал доир ба фаъолияти ширкат манзур гардида, омодагӣ доир ба ҳамкорӣ бо Агентии содирот оид ба таъсиси «Хонаи савдо» дар шаҳри Санкт-Петербург, инчунин таҳия намудани каталоги маҳсулоти содиротие, ки иқтидори содиротии он зиёд мебошад ва ташкили корхонаҳои муштарак оид ба банду басти маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карда шуд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2023 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад