Дар Шаҳринав вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамоиш доир карда шуд
ШАҲРИНАВ, 29.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тарғибгарони ғояҳои ифротгароии иттилоотӣ бо истифода аз технологияҳо ё абзори мухталифи ҷолиб ба тадриҷ мағзи ҷавононро ҷалб ва идора карда, дар қатори маводи пешакии ҷолиб ё ҷаззоб ғояҳои ифротгароиро ба ҷавонон талқин менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонон ва падару модарони онҳо, ҳар аъзои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои замони муосир самаранок истифода бурда, фарзандон ва насли ҷавонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ин матлаб зимни ҳамоиш таҳти унвони «Пешгирии ҳаракатҳои ифротгароӣ», ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» ташкил намуд, баён гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд, дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ба фарқ аз амалҳои террористии ошкоро ифротгароии иттилоотӣ ба таври ноаён таъсир мерасонад ва муайян кардани манбаи он номумкин аст. Бинобар ин, аксарияти ҷавононе, ки ба Интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ алоқамандӣ доранд, бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ба доми субъектҳои ифротгарои иттилоотӣ афтиданашонро нафаҳмида мемонанд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин доир ба тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии кормандони соҳаҳои касбу кори гуногуни ноҳия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тартиби истифодаи дурусти сомонаҳои интернетӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Стратегияи муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ сухан гуфта шуда, дар ин самт тавсияҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур дар доираи «Стратегияи муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» роҳандозӣ гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






