Дар соли 2023 рӯзномаи «Халқ овози» бори аввал бо теъдоди беш аз 10 ҳазор адад нашр мешавад

Январь 7, 2023 14:54

ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январи соли 2023 нашрияи узбекзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Халқ овози» дар замони Истиқлолияти давлатӣ бори аввал беш аз 10 ҳазор адад нашр мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Халқ овози» хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки нашри рӯзнома аз моҳи феврали соли 1929 бо номи «Қизил Тожикистон» оғоз шудааст. Баъдан бо номи «Совет Тожикистон» низ чоп шудааст. Дар солҳои 80-уми асри гузашта адади нашри рӯзнома то ба 100 ҳазор  нусха мерасид.

Дар идораи рӯзнома солҳои гуногун шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, аз қабили Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, Ҳамид Гадоев, Ҳоҷӣ Содиқ, Мухторҷон Баҳриддинов, Исмоилҷон Муҳсинов, Ӯлмас Ҷамол ва дигарон фаъолият намудаанд.

ДАР АКС: сармуҳаррири рӯзномаи «Хавлқ овози» Ёқубҷон Абдуманнонзода

Тарғиби сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои ободкориву созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пойдор намудани дӯстии халқҳо мавзӯъҳои асосии рӯзномаро ташкил медиҳанд.

Ҳайати эҷодии нашрия бо сарварии сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода мекӯшанд хонандагони худро бо навгониҳои дохилу хориҷи мамлакат сари вақт шинос созанд.

Имрӯз дар идораи рӯзнома журналистони шинохтаи узбекзабони кишвар, ба мисли Эркин Шукуров, Искандар Маҳмадалиев, Абдулло Саидов, Гулфинур Аюпова, Абдуҳафиз Мирзоаҳмедов, Ӯринбой Усмонов, Зуҳриддин Умаров, Нарзулло Нурбобоев, Дилрабо Пирназарова, Нозимҷон Эргашев, Юсуфҷон Бердиев ва дигарон фаъолият доранд.

АКС: Рӯзномаи «Халқ овози

Январь 7, 2023 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид