Дар соли хониши 2023-24 дар Тоҷикистон ҳунари иҷрои арфа* омӯзонида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба таълими ҳунари иҷрои арфа* шурӯъ карда мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.
Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Консерваторияи миллии ба номи Т.Сатторов дар соли таҳсили 2023/24 синфи “Мусиқии арфа” мекушоянд. Бо ин донишҷӯён имкони навохтани арфаро, ки давоми се даҳсолаи охир дар мамлакат садо надодааст, пайдо мекунанд.
«Воқеияти муосир чунин аст, ки театр уҳдадориҳои нави начандон маъмулиро бар дӯш мегирад ва ба раванди таълим ворид мешавад. Мояи хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи дониши илмӣ дар мамлакат тадбирҳои муҳим ба амал бароварда шуданд», — гуфт директори театр Камолиддин Сайфиддинзода.
Ба иттилои манбаъ, самти афзалиятноки фаъолияти театрро ҷалби дастаҳои мусиқӣ ва тарбияи эҷодии мутахассисони миллӣ, инчунин таъмини омӯзгорони арзанда аз хориҷи мамлакат ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар поёни соли 2022 ҳамкорӣ бо арфанавоз аз Санкт-Петербург Катерина Бабочкина оғоз гардид. Давоми ду моҳи охир вай на танҳо дар саҳнаи театр якканавозӣ карда, дар ҳайати оркестр дар якчанд намоиш ва барномаҳо ҳунарнамоӣ намуд, балки ба таълими навозандагони ҷавон низ шурӯъ кард. Сарояндаи маъруф донишу маҳорати худро ба донишҷӯён, ки намояндаи насли Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд, меомӯзад.
Дар театр аллакай дарсҳо оғоз шудаанд, навозандагони ҷавон ба дарсҳои амалии Катерина Бабочкина номнавис карда мешаванд ва мутмаинанд, ки орзуяшон- фатҳи «маликаи саҳна» — арфа ҳатман амалӣ хоҳад шуд.
Катерина Бабочкина узви Ҷамъияти арфаҳои Русия, чор маротиба барандаи ҷоизаи аввал дар номинаи «Арфаҳои классикӣ» дар озмунҳои байналмилалӣ (Вена 2019, Санкт-Петербург 2018, 2022), инчунин озмуни умумирусиягӣ (Петрозаводск 2022), номинаҳои «Арфаҳои классикӣ» (Сербия, Москва, Петрозаводск) ва «Арфа Леверс» (Санкт-Петербург) мебошад. Вай дар Чин (Шанхай), ИМА (Гейнсвилл, Атенс, Уиллоу стрит, Хазелтон, Энн-Арбор, Флемингтон) дар ҳайати оркестрҳо, инчунин бо барномаҳои якканавозӣ дар Қатар (Давҳа) ҳунарнамоӣ кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2022 якканавози оркестри Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад.
________
Арфа*- асбоби тордори мизробии мусиқӣ, ки аз ду чорчӯбаи дар кунҷ ҷойгиршуда иборат буда, байни онҳо торҳои зиёде кашида шудаанд.
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ








Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад






