Дар Суғд масъулин ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои афзалиятнок муввазаф карда шуданд

Январь 11, 2023 10:26

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва воридсозии технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда ва дигар вазифаҳои мушаххас барои соли 2023 гузошта шуданд. Дар ин бора 10 январи соли равон зимни ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш, истихроҷ, коркард кардани сангҳои ороишӣ, содироти он ба хориҷи кишвар, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиши ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маъдан, тақвияти корҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, гузоштани заминаи мустаҳкам барои рўёнидани ҳосили баланд дар соли 2023, истифодаи тухмиҳои серҳосил, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин оид ба иқтисоди рақамӣ, идомаи бунёди биноҳои нави таълимӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, баррасии саривақтиву сифатноки муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии доимии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва собиқадорон низ супоришҳо дода шуданд.

Аз ҷониби Раиси вилоят изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон неруву талоши худро ҷиҳати бо дастовардҳои боз ҳам назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 11, 2023 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид