Дар Тоҷикистон Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 19.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба татбиқи низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ 18 январ зимни ҷаласи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа муовини Вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, роҳбари дафтари Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ дар Тоҷикистон Олег Гушкелдиев ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумтаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа барои иштирокчиён «Низомнома ва нақшаи кории Гурўњи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ» рунамо оид ба «Методология ва натиҷаҳои тадқиқоти интихоби низомҳои мероси иқтидории кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав» муаррифӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ин объект ва ё минтақаи аҳолинишини махсус мебошад, ки ба таъсири омилҳои беруна тобовар буда, аз ҷиҳати агробиогуногунӣ фарқкунанда, дорои донишҳои анъанавӣ, фарҳанги бой ва ландшафт мебошад ва он аз тарафи бошандагони худ (фермерон, деҳқонон, чорводорон, моҳигирон ва ғайра) ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагӣ истифода мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






