Дар Тоҷикистон таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ то 16 январ тамдид гардид

Январь 10, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 10.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ) новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона то 16 январ тамдид карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дар назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли равон «Дар бораи тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ» таътили зимистона тамдид карда шуд.

Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16 январ соли равон оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешаванд.

Ҳамзамон дар асоси фармоиши мазкур сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 15 январ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарди арктикӣ аз самти минтақаҳои шимолию аврупогии Федератсияи Россия ва Сибири Ғарбӣ дар бештари манотиқи кишвар пастшавии ҳарорат то 15-20 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Инчунин 11-15 январ дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорат шабона аз 8 то 19 дараҷа хунук, рӯзона аз 7 то 12 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 11 то 24 дараҷа хунук, рӯзона аз 5 то 17 дараҷа хунук дар назар аст.

 АКС аз бойгонӣ

Январь 10, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд