Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иди Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд

Январь 28, 2023 19:29

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Сада дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз ҷониби аҳли заҳмат ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар чорабинӣ тазаккур дода шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои неки фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангию суннатии ниёгонамон, ки таърихи зиёда аз панҷҳазорсола доранд, аз нав эҳё гардида, дар ҳаёти мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик мавқеи шоиста ва ҷойгоҳи махсус касб намудаанд.

Яке аз чунин суннатҳои хоси мардуми ориёитабор ва ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик Сада маҳсуб ёфта, таҷлили он ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба таъкиди донишмандон, Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик бо як шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегиранд.


Сада — ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Яъне, Сада аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯзи оламафрӯз мужда мерасонад.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Сада дар Тоҷикистон расман ҳамасола 30 январ ҷашн гирифта мешавад. Зеро рӯй овардан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақ бардоштан аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест, ки дирӯзу имрӯз ва фардоро ба ҳам тавъам месозад.

Бархе аз кишоварзон ва собиқадорони соҳаи кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон бо «Ифтихорнома» қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идома барномаи рангини аҳли санъату фарҳанги вилоят манзури меҳмонони чорабинӣ гардонда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Январь 28, 2023 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид