ДАСТОВАРДИ ФАРҲАНГӢ. Хонандагони шаҳри Душанбе дар Олмон сазовори Гран-при ва ҷойи якум шуданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3-и ба номи А. С. Ленский»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова дар онлайн-озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат» («Мир талантов»), ки дар Олмон баргузор шуд, дар байни 600 нафар иштирокчӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» соҳиби Гран-прии озмун гардид. Дар ин озмун хонандаи дигари ин муассиса Гулнора Низомова низ иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори муассисаи мазкур Абдусамад Акрамов хабар дод.
Дар озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва ташкилкунандагони он ба омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова «Сипоснома» тақдим карда шуд.
Инчунин хонандаи муассисаи мазкур Муаттара Маликова моҳи январи соли равон дар онлайнозмуни 7-уми байналмилалии мусиқии (cantabile)-и Ҷумҳурии Туркия соҳиби ГРАН- прии озмун гардида, омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова бо «СЕРТИФИКАТ» қадрдонӣ гардид.
Мояи ифтихор аст, ки Муаттара Маликова аз 6 то 13 январи соли равон дар Озмуни байналмилалии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Омӯзгори ӯ Фирӯза Қосимова бо унвони «Беҳтарин омӯзгор» қадрдонӣ карда шуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3 ба номи А. С. Ленский»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






