ДАСТОВАРДИ ФАРҲАНГӢ. Хонандагони шаҳри Душанбе дар Олмон сазовори Гран-при ва ҷойи якум шуданд

Январь 30, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3-и ба номи А. С. Ленский»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова дар онлайн-озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат» («Мир талантов»), ки дар Олмон баргузор шуд, дар байни 600 нафар иштирокчӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано»   соҳиби Гран-прии озмун гардид. Дар ин озмун хонандаи дигари ин муассиса Гулнора Низомова низ иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори муассисаи мазкур Абдусамад Акрамов хабар дод.

Дар озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва ташкилкунандагони он ба омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова «Сипоснома» тақдим карда шуд.

Инчунин хонандаи муассисаи мазкур Муаттара Маликова моҳи январи соли равон дар онлайнозмуни 7-уми байналмилалии мусиқии (cantabile)-и Ҷумҳурии Туркия соҳиби ГРАН- прии озмун гардида, омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова бо «СЕРТИФИКАТ» қадрдонӣ гардид.

Мояи ифтихор аст, ки Муаттара Маликова аз 6 то 13 январи соли равон дар Озмуни байналмилалии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Омӯзгори ӯ Фирӯза Қосимова бо унвони «Беҳтарин омӯзгор» қадрдонӣ карда шуд.

АКС: Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3 ба номи А. С. Ленский»

Январь 30, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад