Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар медиҳад.
4 январ муовини Ректори ДДОТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухшона Қурбонзода бо Директори маркази «Азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ»-и Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Холтура Мирзакулов мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, сафарбаршавии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, курсҳои омӯзишӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Акс: ДДОТ








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






