Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Январь 6, 2023 08:46

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар медиҳад.

4 январ муовини Ректори ДДОТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухшона Қурбонзода бо Директори маркази «Азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ»-и Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Холтура Мирзакулов мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, сафарбаршавии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, курсҳои омӯзишӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкориро баррасӣ  карданд.

Акс: ДДОТ

Январь 6, 2023 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд