Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода мешавад

Январь 23, 2023 15:18

ДУШАНБЕ, 23.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Мақсад аз таъсиси он эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас мебошад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни ҳамоиши умумии аъзои Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон гуфта шуд, ки тоҷикон аз зумраи миллатҳое ҳастанд, ки тавонистанд ҳастии худро маҳз тавассути расму оин, забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ҳифз намуда, аз насл ба насл ба мерос гузоранд.

Зарур шуморида шуд, ки дар баробари доштани имконияти таърихӣ барои эҳё, рушд ва нумуи арзишҳои миллӣ талош варзида шавад. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба рушди ин намуди бозиҳо пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Бо пешниҳоди аъзо президенти Федератсия Абдулло Раҳмонзода интихоб гардид.

Дар хотима ба муассисон ҷиҳати мунтазам баргузор намудани Фестивали бозиҳои варзишии миллӣ, аъзои Конфедератсияи умумиҷаҳонии этноспорт намудани Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ супориш дода шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2023 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид