Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Мақсад аз таъсиси он эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас мебошад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ҳамоиши умумии аъзои Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон гуфта шуд, ки тоҷикон аз зумраи миллатҳое ҳастанд, ки тавонистанд ҳастии худро маҳз тавассути расму оин, забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ҳифз намуда, аз насл ба насл ба мерос гузоранд.
Зарур шуморида шуд, ки дар баробари доштани имконияти таърихӣ барои эҳё, рушд ва нумуи арзишҳои миллӣ талош варзида шавад. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба рушди ин намуди бозиҳо пешниҳодҳо ироа гардиданд.
Бо пешниҳоди аъзо президенти Федератсия Абдулло Раҳмонзода интихоб гардид.
Дар хотима ба муассисон ҷиҳати мунтазам баргузор намудани Фестивали бозиҳои варзишии миллӣ, аъзои Конфедератсияи умумиҷаҳонии этноспорт намудани Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ супориш дода шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






