Гурӯҳи давлатҳои аъзои СҲИ аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ намуд

Январь 27, 2023 09:46

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Гурӯҳи давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон  дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадии давлати мо иброз дошт, ки бо иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо назардошти таҷрибаи беназири мамлакат вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 — 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.

Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур давлатҳои аъзои СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.

Бояд хотиррасон кард, ки тибқи қарори махсуси иҷлосияи 48-уми  Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти №8/48-LO, (22-23 марти соли 2022, ш. Исломобод, Ҷумҳурии Исломии Покистон) аз кишварҳои узв даъват ба амал оварда шуд, ки номзадии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Акс: ВКХ ҶТ

Январь 27, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд