Гурӯҳи давлатҳои аъзои СҲИ аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Гурӯҳи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадии давлати мо иброз дошт, ки бо иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо назардошти таҷрибаи беназири мамлакат вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 — 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.
Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур давлатҳои аъзои СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Бояд хотиррасон кард, ки тибқи қарори махсуси иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти №8/48-LO, (22-23 марти соли 2022, ш. Исломобод, Ҷумҳурии Исломии Покистон) аз кишварҳои узв даъват ба амал оварда шуд, ки номзадии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид






