ХАБАРИ ХУШ! Шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё қадрдонӣ гардид

Январь 17, 2023 17:15

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Перми Федератсияи Россия Форуми кушодаи дӯстӣ баргузор гардид, ки дар он шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Кулябская правда».

Шоираи тоҷик, раиси бахши Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Кӯлоб, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» Хосият Вализода барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ — гуманитарӣ ҷиҳати дастгирии бахши «Дипломатияи халқӣ: таҷриба ва дурнамо» қадрдонӣ шудааст.

Шоира Хосият Вализода дар самти тарғиби сулҳу оромӣ саъю кӯшиш намуда, нерую шаҳди эҷоду эъҷози нобаш тароватбахшу таъсиргузор ва руҳафзо ба ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра мебошад.

Хосият Вализода 8 марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлонидар оилаи шоири халқӣ ва ҳофизи мардумӣ Саидалӣ Вализода ба дунё омадааст.


Ӯ факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. То соли 1980 дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Кӯлоб омӯзгор ва аз соли 1980 директори хона-музеи С.Вализода буд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи чандин маҷмӯаи ашъор, аз ҷумла «Идомаи роҳ», «Такягоҳи хуршед», «Саломи субҳ», «Вафодорӣ», «Зодгоҳи манн, Тоҷикистон», «Муҳаббати фаровон» мебошад,  бархе шеърҳояш ба забонҳои русӣ (дар маҷаллаи «Форум», 4, 2015), узбекӣ ва украинӣ тарҷума шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 17, 2023 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад