Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет тадбир меандешад

Январь 25, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова ба дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои   беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, инчунин паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат ба роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Хадамоти алоқаи мамлакат зимни ҳисобот таъкид намуданд, ки барои дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст якҷо бо ширкатҳои фаъолияткунандаи соҳа чораҷӯӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  « Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 ба Хадамоти алоқа супориш дода буданд, ки  якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳо, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 25, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд